Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия 500 низомии дигар ба Афғонистон мефиристад


Интизор меравад, ки имрӯз Гордон Браун-нахуствазири Британия дар бораи фиристодани 500 нафар нируи дигар ба Афғонистон эъломия пахш кунад. Ҳоло бештар аз 9 000 нафар нируҳои Британия дар Афғонистон мустақаранд, ки аз лиҳози бузургии шумора баъд аз Амрико дуввумин ба шумор меравад. Аммо афзоиши шумораи талафоти ҷонии низомиёни Британия дар Афғонистон норизоятии ҷомеъаро аз ширкати Бритнаия дар муноқишаи Афғонистон афзоиш додааст. Аз замони вуруди нируҳои бйналмиллалӣ ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 то ҳол 221 нафар шаҳрвандони Бритнаия кушта шудаанд. Интизор меравад, ки Браун имрӯз зимни суханони худ дар порламон тасмими худро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG