Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи хоҷагии комуналиву манзилии Тоҷикистон аз давлат дар ҳудуди 15 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

Раҳмат Бобокалонов, раиси идораи воҳиди давлатии манзили Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, даромади ин идора аз хизматрасонии мардум ба дараҷае поин аст, ки наметавонад қарзҳои худро пардохт кунад. Вай афзуд, тарофаҳои хизмати манзил дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳо поин аст, вале мардум ҳамин пули ночизро ҳам пардохт намекунанд.

Бо вуҷуди ин ҷаноби Бобохонов иқрор кард, ки идораи онҳо худ ба таври кофӣ хизмат расонидан ба мардумро надорад. Ба ин далел, ба гуфтаи вай, ин идора тавони додани моҳонаи хуб ба коргаронашро надорад ва ҳеч кас алоқаманд нест, дар ин корхона кор кунад.

Мардум дар баъзе мавридҳо аз пардохти тарофаҳо барои он сарпечӣ мекунанд, ки бархеи онҳо ба хизматрасонии аҳолӣ ҳеч рабте надорад ва ё тарофаи идораи дигари шаҳрро такрор мекунад ...
Вале сокинони шаҳри Душанбе дар ин маврид назари дигар доранд. Ба гуфтаи Манучеҳр Қурбонов, сокини ноҳияи Синои пойтахт, онҳо моҳона аз рӯи 10 то 15 навъи хизматгузорӣ ба идораҳои манзилии ноҳия пул пардохт мекунанд. Вале идораи манзили ноҳия ҳеч хизмати мардумро бидуни иловапулӣ ба таъмиргар, тамизкор ва электрик иҷро намекунад.

Манучеҳр мегӯяд, онҳо ба он ишора мекунанд, ки гӯиё идора манзил ба онҳо ҳуқуқи моҳона намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки соҳибхона бояд маводи лозим, аз ҷумлаи қубур, ҷумоқи обгузар ва ғайраро худаш аз бозор харидорӣ кунад.

Ба қавли Парвиз Имомов, сокини дигари шаҳри Душанбе, мардум дар баъзе аз мавридҳо аз пардохти тарофаҳо барои он сарпечӣ мекунанд, ки бархеи онҳо ба хизматрасонии аҳолӣ ҳеч робита надорад ва ё тарофаи идораи дигари шаҳрро такрор мекунад. Барои мисол, як тарофа аст бо номи масрафи идорӣ ё «управленческий расход». Агар манзури ин тарофа идораи манзил бошад, пас ин ҳазинаро давлат пардохт мекунад, на мардум.

Ба гуфтаи Парвиз Имомов, мардум ба ду идора – Кумитаи андоз ва идораи манзил – андози хона месупоранд. Дар ҳоле ки андоз аз моликияти ғайриманқул, яъне хона, аз рӯи қонун бояд ба Кумитаи андоз супорида шавад, на ба идораи манзил.

Парвиз Имомов ин беназмӣ дар кори идораҳои манзилиро дар он мебинад, ки идораҳои гуногун ба хизматрасонӣ машғуланд. Барои мисол, идораи обу корези шаҳр ё «Водоканал» ба таъмини об машғул аст, вале барои тармими қубурҳои обгузар дар хонаҳо масъул нест.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, «Водоканал» қарордод имзо кардааст, ки 24 соат дар шабонарӯз мардумро бо об таъмин мекунад. Дар асл дар минтақаи Зарафшони Шаҳр ҳамагӣ 6 соат об медиҳанд ва ин ҳам на ҳама рӯз. Вале пули обро барои 24 соат аз мо талаб мекунанд».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳмат Бобокалонов, раиси идораи воҳиди давлатии манзили Тоҷикистон, хадамоти манзилии шаҳри Душанбе, аз ҷумла «Водоканал» тобеи ин ниҳоди давлатӣ нестанд.

Ҷамшед Мансуров, муовини шаҳрдори шаҳри Душанбе, ки ба мавзуи хизмати манзилӣ расидагӣ мекунад, умедвор аст, ки қонуни нав дар ин замина дар оянда кори ин бахшро ба низом хоҳад овард. Вай гуфт, «дар қонуни нав дар бораи нигоҳубини биноҳои серошёна ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил ҳамаи ин мушкилот матраҳ шудааст. Яъне дар оянда худи шаҳрвандон дар нигоҳубини хонаҳояшон ба ҷои идораҳои манзил ширкатҳои хусусиро ташкил кунанд».

Ба гуфтаи ин масъули шаҳрдорӣ, дар оянда сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳо, бояд масъулияти нигоҳубини хонаҳои худро бар душ гирифта, ба ҷои идораҳои манзилӣ иттиҳодияҳои хусусиро ташкил кунанд ва бо пули ҷамъовардаи худ шикасту рехти хонаҳо ва тозагиро таъмин созанд.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, иҷрои ин қонун бештар ба талошу алоқамандии худи сокинон рабт дорад. Зеро идораҳои маҳаллӣ дар шароити феълӣ дигар ба дарди мардум намехурад.
XS
SM
MD
LG