Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати ИМА тарҳи ислоҳоти Обамаро қабул кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Кумитаи молияи Сенати Амрико тарҳи ислоҳоти Барак Обама барои системаи тандурустӣ дар ин кишварро тасвиб кардааст.

Қабули ин тарҳ як муваффақияти бузурги сиёсати Барак Обама унвон мешавад. Тибқи тарҳи ислоҳоти Обама, арзиши бимаи табобат поин оварда хоҳад шуд ва он барои тамоми шаҳрвандони ин кишвар дастрас хоҳад гардид.

Тибқи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 миллион аҳолии ИМА аз бима барои табобат маҳруманд ва ё бо қисман аз он бархурдоранд.

Барои пиёда кардани тарҳи ислоҳоти Барак Обама, яъне таъмини тамоми шаҳрвандони Амрико бо бимаи табобат, ҳукумати ин кишварро мебояд 600 миллиард доллар сарф кунад, ки аз ҳисоби андозу молиёт хоҳад буд.

Тарҳи ислоҳоти Обама ҳамчунин мухолифони зиёд дар ҷомеа ва ҳукумати ин кишвар дорад, ки сарфи маблағҳои ҳангуфт аз ҳисоби буҷаи давлатро нолозим мешуморанд. Ахиран дар шаҳри Вошингтон даҳҳо ҳазор мухолифони ин тарҳи ислоҳот роҳпаймоии эътирозӣ баргузор карданд.

Мухолифони тарҳи раисиҷумҳури Амрико бар ин назаранд, ки тахассуси садҳо миллиард доллар барои бахши тандурустӣ боиси тавсеаи фасодӣ ва касодӣ дар иқтисоди кишвар хоҳад шуд.

Амрико яке аз кишварҳои дорои соҳаи пешрафтаи тиб мебошад. Ҳарсола барои бахши тандурустии ИМА ҳудуди 2,2 триллион доллар ҷудо мешавад, ки 16 дарсади буҷаи ин кишварро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG