Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай


Сарони ҳукуматҳои шаш кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имрӯз дар шаҳри Пекин пойтахти Чин мулоқот хоҳанд кард. Ин созмон, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, ҷӯёи тақвияти амният ва ҳамкориҳо миёни шаш кишвари узв, Тоҷикистону Чин, Русияву Қазоқистон ва Ӯзбакистону Қирғизистон мебошад. Эрону Ҳинду Покистон ва Муғулистон ба ҳайси нозир дар ин созмон пазируфта шудаанд. Пештар аз ин нишаст, Русия ва Чин дар мавриди содироти гази русӣ ба ин кишвари ҳамсояааш қарордодӣ муқаддамотӣ имзо кардаанд. Алексей Миллер – мудири ширкати “Газпром” гуфт, қарордоди мазкур солона содироти 70 миллиард мукааб гази табиӣ ба Чинро пешбинӣ мекунад, аммо қимати газ таъйин ва қарордод ҳам дар ин замина имзо нашудааст.
XS
SM
MD
LG