Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба камингоҳҳои Толибон


Пеш аз оғози амалиёти заминӣ ба зидди Толибон дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Ҷанубии Покистон, низомиёни ин кишвар мавзеъҳои ҷангҷӯёни Толибро бомббор карданд. Маъмурони амниятии Покистон гуфтанд, ки нерӯҳои ҳавоӣ, рӯзи сешанбе, камингоҳҳои Толибон дар шаҳрҳои Мокин, Ладҳо ва Навозкотпро ҳадаф гирифтанд, ки рӯзи якшанбе ҳам бомбор шуд. Покистон эълом кард, ки ба зудӣ алайҳи Толибон дар Вилояти Вазиристони Ҷанубӣ амалиёти тозаеро шурӯъ хоҳад кард, ки масъулияти силсилаи ҳамлаҳои хунин дар рӯзҳои ахирро бар ӯҳда гирифтанд. Дар ин ҳамлаҳои чанд рӯзи пеш бештар аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG