Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси стротежии Афғонистон дар Амрико


Қарор аст, имрӯз Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, бо мушовирони олирутбаи ҳукуматаш бори дигар стротежии Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистону Покистонро баррасӣ кунад. Барак Обама рӯзи сешанбе гуфт, интизор дорад, ки "дар ҳафтаҳои наздик" дар робита ба сиёсатҳои ҷанг дар Афғонистон, аз ҷумла дар мавриди ирсоли даҳҳо ҳазор сарбози изофии Амрико ба Афғонистон тасмим хоҳад гирифт. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед Барак Обама гуфт, ҳадафи усулии онҳо, решакан кардани Ал-Қоида ва шарикони тундгарони он боқӣ мемонад. Баъди бознигарии стротежии Амрико дар қиболи Афғонистону Покистон бори панҷум аст, ки Барак Обама сари ин стротежӣ бо мушовирону сиёсатгузорони Амрико баҳс мекунад. Дар ин нишаст, Ҷо Байден – муовини Обама, Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико ва дигар мақомоти олирутбаи ниҳодҳои иттилоъотӣ ширкат хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG