Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи эмкунии атфоли тоҷик поён ёфт


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни маъракаи миллии ваксинзанӣ беш аз 2 миллиону 200 ҳазор кӯдакону наврасони аз як то 14 соларо бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ваксин задаанд. Ин маъракаи миллӣ расман рӯзи душанбе ба поён расид, вале ба гуфтаи вазорат кӯдаконе, ки аз он дар канор мондаанд, тайи рӯзҳои оянда эм хоҳанд шуд. Эмкунӣ дар беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва дар ноҳияҳои дурдаст бо кӯмаки гурӯҳҳои махсус анҷом дода шудааст. Рут Леано раҳбари дафтари Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Кӯдакони Созмони Милал, ки дар ин маъракаи миллӣ кӯмак кардааст, мегӯяд, эмкунии саривақтӣ, барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои кӯдакон бисёр муҳим аст ва ба сиҳатии кӯдакон мусоидат мекунад. Ба гуфтаи вай аз моҳи ноябри ҳамин сол вазорати беҳдошти Тоҷикистон, эмкунӣ ба зидди бемориҳои сурхакон ва гулафшонро ба тақвими ваксинзании ҳатмии ҷумҳуриявӣ ворид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG