Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ситезаҷӯёни Ал-Қоида дар Саудия


Дар як даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Арабистони Саудӣ ва ситезаҷӯёни Ал-Қоида, ду нафар ситезаҷӯ ва як сарбоз кушта шудааст. Вазорати умури дохилаи Арабистони Саудӣ гуфт, маъмурони амниятӣ, дар посгоҳе дар марзи Яман мошини ҳомили се мардро нигаҳ доштанд, ки ду нафарашон либоси занона ба бар карда буданд. Ҳангоми наздик шудани маъмури пулис ба мошин, ронанда ба тирандозӣ шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Арабистони Саудӣ, ду тан аз ситезаҷӯён камарбанди тарканда ва норинҷак доштаанд ва дар бордони мошин ҳам муҳимоти дигари ҷангӣ пайдо кардаанд. Яке аз тундравонро маъмурони амниятӣ дастгир намудаанд.
XS
SM
MD
LG