Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сермаҳсули Путин ба Пекин


Зимни сафари Владимир Путин, нахуствазири Русия, ба Чин созишномаҳои дуҷониба бо арзиши 3,5 миллиард доллар ба имзо расидааст.

Вале гуфта мешавад, ки Путин натавонист ба ҳадафи аслии худ – яъне созиши бисёрмиллиарддолларӣ даст ёбад, ки фурӯши гази табии Сибирро ба бозори ғании Чин дар назар мегирад. Бо ин ки аз сафари мақоми русӣ ба Чин ду рӯз гузаштааст, вале ҳанӯз ҳам мақомоти ду ҷониб барои натиҷагирии тарҳи ниҳоии созишномаи энержӣ ба тавофуқ нарасидаанд.

Ин тарҳи пешниҳодӣ айнан мисли созишномаи қарзи 25-миллиарддолларии нафтӣ хоҳад буд, ки дар оғози соли ҷорӣ ба имзо расидааст. Ҳанӯз мушаххас нест, ки иллатҳои ба таъхир афтодани имзои ин созишнома дар чист, вале Ассошейтед Пресс тахмин мезанад, ки мояи ихтилофи ҷонибҳо дар қимати гази фурӯшӣ буда метавонад.

Ду кишвар инак се сол мешавад, ки бар сари ин масъала баҳс мекунанд. Чин бисёр мехоҳад, ки ба захираҳои газии Русия дастрасӣ дошта бошад, вале Маскав ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дасти хориҷӣ ба дороиҳои стратегии Русия дароз шавад.

Алорағми мушкилоте чанд дар дастёбӣ ба тавофуқи газӣ ду ҷониб ҳамоно сарсахтона ба ҳақи худ пофишорӣ мекунанд. Маскав ба сармоягузории бештари риштаи энержии худ шадидан ниёзманд аст, чунки бо амиқтар шудани бӯҳрони молӣ мизони фурӯши маводи энержӣ ба Аврупо ҳам шадидан коҳиш ёфт.

Ҳоло Русия дар фикри ин аст, ки бо кадом роҳ мешавад коркарди кони гази Ковиктаро дар шарқи Сибир ба роҳ монд. Тахмин зада мешавад, ки дар ин кон наздиди ду триллион метри кубӣ захираҳои газ маҳфуз аст. Ва аз лиҳози ҷуғрофӣ ҷойгиршавии ин кон имкон медиҳад, ки фурӯши он маҳз бо Чин таҳияву танзим шавад.

Аз сӯи дигар, Чин дар навбати худ бо иқтисоди солона то 8 дарсад афзояндааш ба энержӣ эҳтиёҷи беҳадду ҳудуд дорад ва зоҳиран бояд аз харидории захираҳои гази Сибир истиқбол кунад.

Дар давоми сафари Путин ба Чин қарордодҳо, аз ҷумла ду созишномаи қарзӣ бо маблағи 500-миллиондолларӣ ҳар яке ба имзо расид. Сафари Путин бо ҳадафҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шароите сурат мегирад, ки ҳарду кишвар дар паи рукуди иқтисодии ахир зарбаи шадид дидаанд.

Соли 2008 мизони ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар 38,6 дарсад, дар ҳаҷми куллии 55,9 миллиард доллар афзоиш ёфта, Чинро баъди Иттиҳодияи Аврупо дуюмин шарики калонтарини тиҷоратии Русия намуд.

Вале дар давоми ҳашт моҳи соли 2009 тиҷорати дуҷониба дар ҳадди 36,2 дарсад коҳиш ёфта мизони содироти молу колои Чин ба Русия 49,4 дар сад, яъне дар ҳаҷми 10,2 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Владимир Путин дар Пекин на танҳо бо ҳамтои худ нахуствазир Вен Ҷиабао, балки бо раиси ҷумҳурӣ Ҳу Ҷинтао ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дидору мулоқотҳо мекунад.

Рӯзи чоршанбе вай инчунин дар кори нишасти кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, як ташаккули амниятӣ, ки дар канори Русия давлатҳои Осиёи Марказиву Чинро ба ҳам овардааст, ширкат хоҳад кард.

Эҳтимол меравад, ки дар маркази таваҷҷӯҳи нишаст масъалаи Афғонистон қарор хоҳад дошт. Аъзои созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хостори нақши фаъолтари худ дар Афғонистон ба хотири коҳиши таҳдидҳои амниятиву терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мебошанд.
XS
SM
MD
LG