Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор сартарошида равонаи зиндон шуданд


Додгоҳи Маскав имрӯз чаҳор узви гурӯҳи сартарошидаҳои зери раҳбарии Артур Рино ва Павел Скачевскийро ба мӯҳлатҳои аз панҷ то нӯҳ соли зиндон маҳкум кард. РИА Новости хабар медиҳад, ки ин афрод барои чандин куштори бар асоси адовати миллӣ содиршуда айбдор дониста шуданд. Сартарошидаҳо эътироф карданд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Русия, ки симои шарқӣ доштаанд, ҳамлаҳо анҷом медоданд. Қозӣ гуфтааст, ки ҷинояткорон дар ҳамбастагӣ кор карда як ҳадафро интихоб мекарданд, ӯро иҳота карда баъдан бо зарбаҳои зиёди корд ӯро тадриҷан ба ҳалокат мерасонданд. Аз ин пеш парвандаи сартарошидаҳоро додгоҳи ҳайати мунсифа баррасӣ кардааст. Ҳайати ин додгоҳ гуноҳи муттаҳамонро дар қатлу куштор эътироф карда аммо иттиҳоми бар асоси адовати миллӣ анҷом шудани ин ҷиноятҳоро собитношуда ҳисоб кардааст.
XS
SM
MD
LG