Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Клинтон бо фаъолони ҳуқуқи башари Русия


Фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия гуфтанд, ки вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон онҳоро мутақоид сохтааст, ки талошҳо барои барқарории равобити ҳасана бо Маскав маънои онро надорад, ки Вашингтон даст аз пуштибонии демократия дар Русия бардоштанӣ аст. Фаъолон мегӯянд, ки Клинтон дар сӯҳбат бо онҳо гуфтааст, ки бовар дорад ИМА метавонад бо Кремлин дар заминаи таҳкими ҳуқуқи башар ва арзишҳои ғарбии демократӣ равобити беҳтар эҷод кунад. Дмитрий Муратов, сардабири “Новая газета” гуфт, ки Клинтон тааҳҳуд кардааст, ки ИМА поймолшавии ҳуқуқро дар Русия нодида намегирад. Клинтон ҳангоми боздидаш аз Маскав дар як мулоқоти хусусӣ бо баъзе фаъолони ҳуқуқи башар дар сафоратхонаи Амрико дидору мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG