Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адами эътимод ба ҳукумати Руминия


Имрӯз қонунгузорони Руминия аққалияти марказгарои ҳукумати кишварро бо раъйи адами эътимод аз қудрат барканор карданд. Барои ин тасмим 258 нафар раъйи мувофиқ ва 176 - раъйи мухолиф доданд. Мухолифони марказгарову чапгаро баъди он ба раъйдиҳӣ даъват карданд, ки ҳукумати эътилофии нахуствазир Эмил Бок дар оғози моҳи ҷорӣ пароканда шуд. То замоне, ки парлумон бо ҳайати нави ҳукумат мувофиқат накунад, марказгароҳо сари қудрат боқӣ хоҳанд монд. Ин маънои онро дорад, ки Руминия метавонад аз лиҳози замонбандӣ дар иҷрои талаботи Сандуқи байналмилалии пул таъхир кунад. Ин ниҳоди молӣ барои муқобила бо бӯҳрони иқтисодӣ ба Руминия ироаи 20 миллиард доллар қарзро ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG