Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон футболро аз сиёсат ҷудо медонад


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз аз ҳаводорони футбол хост, ки сиёсатро аз бозиҳои варзишии миёни дастаҳои футболи Туркияву Арманистон ҷудо ҳисоб кунанд. Фардо қарор аст дастаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби даври дуюми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар Туркия сабқат кунанд. Эрдуғон бо чунин даъват дар баробари вакилони ҳизби ҳокими худ дар остонаи бозиҳои футбол, ки фардо дар Бурса баргузор мешавад, баромад кард. Раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян ҳам ризоияти худро барои тамошои ин бозӣ додааст. Рӯзи шанбе ду кишвар як аҳдномаро дар заминаи барқарории равобити дипломатӣ ба имзо расонданд, ки бозкушоии марзҳоро баъди қариб як аср хусуматҳо дар назар мегирад. Арманиҳо туркҳои усмониро барои қатлҳои дастаҷамъии қавми арманӣ дар Туркия дар давоми солҳои ҷанги аввали ҷаҳон муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG