Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар сохторҳои энержии Туркманистон


Раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар риштаи энержии кишвараш як қатор тағйирот ба роҳ монд. Тибқи иттилои матбуоти давлатӣ, президент раиси ширкати давлатии “Туркменнефтегазстрой” ҳамроҳи раисони ширкатҳои газу нафти давлатӣ - “Туркменнефт” ва “Туркменгаз”-ро аз вазифаҳояшон холӣ кард. Вай вазъи харобиовари сохторҳои энержӣ, таъхир дар таъмину интиқоли газро ба сокинони шаҳраку рустоҳои кишвар ва набуди тадбирҳои заруриро барои афзоиши тавлиди нафт танқид кард.
XS
SM
MD
LG