Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2010 баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Футболбозони ҷавони Эрону Тоҷикистон дар даври охирини сабқати гурӯҳи «В», ки 13-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати пойтахти Непал – шаҳри Катманду барпо гашт, бар рақибони худ пирӯз шуданд.

Тими Эрон бар дастаи Баҳрайн бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Алӣ Фотиён дар дақиқаи 44-ум (аз пенолти) ва Амир Аббос дар дақиқаи 58-ум ба самар расонданд.

Дар бозии охирин дастаи Тоҷикистон бар тими мизбон – Непал бо ҳисоби 4:0 ғолиб шуд. Голҳоро Толибҷон Султонов (дақиқаи 8-ум), Иброҳими Мӯҳтоҷзода (64-ум), Комрон Раҷабализода (74-ум) ва Дилшод Расулов (90-ум, капитани даста) заданд.

Бад-ин тартиб дастаҳои Эрону Тоҷикистон натоиҷи мушобеҳ - 10-имтиёзӣ, 3 ғалабагӣ ба даст оварда, як бозиро байни худ мусовӣ (0:0) анҷом доданд ва таносуби тӯбҳояшон низ якхела 9-0 мебошад. Азбаски дастаи наврасони Эрон дар ҷараёни бозиҳои сабқати интихобӣ нисбат ба Тоҷикистон як корти зард камтар гирифтааст (6 муқобили 7), ғолиби гурӯҳ шуд. Тоҷикистон ҷои дуввумро касб кард. Ҳамин тариқ дастаҳои Эрону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Вале дастаҳои Баҳрайн ( бо 6 имтиёз ҷои 3-юм), Лубнон (бо 3 имтиёз ҷои 4-ум) ва Непал (бидуни имтиёз ҷои 5-ум) аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «В»:

Б Ғ М Б Т/T И

Эрон 4 3 1 0 9 – 0 10

Тоҷикистон 4 3 1 0 9 – 0 10

Баҳрайн 4 2 0 2 7 - 5 6

Лубнон 4 1 0 3 2 – 9 3

Непал 4 0 0 4 0 -13 0

Инчунин боз 6 даста - Чин ва Тимори Шарқӣ (гурӯҳи "F"), Аморати Муттаҳидаи Араб ва Урдун (гурӯҳи "D"), Ҷопон ва Индонезия (гурӯҳи "E") - ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2010 байни футболбозони то 16-сола роҳ ёфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG