Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрикову Русия дар масъалаи Эрон ҳамкорӣ мекунанд


ИМА ва Русия дар амри мутақоидсозии Эрон барои пешбурди барномаи сулҳомези ҳастаӣ ҳамроҳ кор хоҳанд кард. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Русия дар масъалаи коҳиши шиддати атрофи барномаи ҳастаии Эрон фавқулодда фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Зимни як нишасти муштараки матбуотӣ дар Маскав дар ҳузури вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баъди анҷоми гуфтугӯҳои баландпоя Ҳилларӣ Калинтон гуфт:

“Барномаи ҳастаии Эрон мояи ҷиддии нигаронӣ боқӣ мемонад ва мо бо Русия аз наздик дар чаҳорчӯби гурӯҳи панҷгона кор мекунем. Мо як мулоқоти созандаро дар Женева рӯзи 1 октябр анҷом додем ва ҳоло дар самти он кор мебарем, ки Эрон ҳамроҳи мо ҳаракат кунад ва бидуни духӯрагӣ нишон диҳад, ки дар андешаи истифодаи сулҳомези нирӯи ҳастаӣ мебошад”.

Вай гуфт, ки ҳанӯз фурсати ҷорикунии таҳримҳо нисбати Эрон нарасидааст ва корҳои дипломатӣ идома дорад. Лавров гуфт, ки таҳдиди таҳримҳои нав ва фишор болои Эрон натиҷаи баръакс дорад. Ҳам Клинтон ва ҳам Лавров гуфтанд, ки ду кишвар дар табдили аҳдномаи даврони ҷанги сард оид ба коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ ба пешравӣ даст ёфтанд. Клинтон гуфт, ҳарчанд дар равобити миёни ду ҷониб ҳамоно ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале ду кишвар бар асоси эҳтироми дуҷониба ҳамкориро ба роҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG