Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Бишкек аз тасмими Тошканд


Ӯзбекистон сару садоҳо дар мавриди хориҷшавии ин кишвар аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказиро инкор кардааст.

Ба гуфтаи як мақоми баландпояи ширкати давлатии «Узбекэнерго», Қирғизистон ва Қазоқистон огоҳ карда шудаанд, ки аз ин ба баъд содироту воридоти нерӯи барқро аз тариқи қаламрави худ барои ин ду кишвар ҳамчун транзит ҳисоб мекунад. «Аз ҷумла мо мехоҳем, ки Қирғизистон пули интиқоли транзитии нерӯи барқро бипардозад», - гуфтааст ин мақоми «Узбекэнерго».

Бишкек эҳтимоли ихроҷи Ӯзбакистон аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказиро иқдоме арзёбӣ кардааст, ки барои Қирғизистон пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт ...
Ин дар ҳолест, ки Бишкек эҳтимоли ихроҷи Ӯзбакистон аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказиро иқдоме арзёбӣ кардааст, ки барои Қирғизистон пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт. Манбаъҳои мустақил навиштаанд, ки Бишкек бо вуҷуди изҳороти ҷониби Ӯзбакистон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад, ки ин кишвар аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ нашавад.

Чанд рӯз пеш Ойбек Султонғозиев, сухангӯи нахуствазири Қирғизистон, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ иброз дошт, ки Ӯзбакистон тасмим гирифтааст, аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шавад.

Аммо Роза Давидова, сухангӯи шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон, ба Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шудани ин ё он кишвар расман тасдиқ нашудааст. Ба гуфтаи Роза Давидова, баъди эълони тасмими ихроҷ сарони кишварҳо ҳатман ҳуҷҷат ба имзо мерасонанд, стротегияи онро кор карда мебароянд, ҳисобу китоби паёмадҳои он таҳия мегардад.

Вай афзуд, дар он сурат эълон карда хоҳад шуд, ки яке аз кишварҳои узви иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказӣ аз узвияти ин иттиҳод хориҷ шуд. Дар ҳамин ҳол Ҷамолбек Толопбердиев, коршиноси масоили барқ, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, ки ихроҷи яке аз кишварҳо аз иттиҳоди ягонаи системи барқи Осиёи Марказӣ ин кишвар ва кишварҳои дигарро низ ба мушкилоту бумбасти энержии барқ дучор мекунад.

Ба гуфтаи оқои Толопбердиев, ихроҷи эҳтимолии Ӯзбакистон аз манфиатҳои миллии ин кишвар низ ҳимоят нахоҳад кард. Ин коршиноси масоили барқи қирғиз мегӯяд, ки шояд ихроҷи Ӯзбакистон аз масъалаҳои иқтисодӣ дида бештар ҷанбаҳои сиёсиро касб кунад. Бар асоси шаҳодати ин ҳамсӯҳбати мо, дар замони Шӯравии собиқ иттиҳоди ягона ва қавии обу барқи Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт, ки ҳоло ин иттиҳод рахна пайдо кардааст.

Оқои Толопбердиев гуфт, вале баъди шикасти Шӯравӣ ва истиқлолият касб кардани ҷамоҳири он масъалаҳои зиёде дар миён омадааст, ки ҳаллу фасли он фақат паси мизи музокираҳо имконпазир гаштааст.

Валентина Қосимова, як коршиноси дигари мустақил дар умури обу барқи минтақа, мӯътақид аст, ки иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказӣ бояд ҳифз шавад. Хонум Қосимова меафзояд, ин иттиҳод имкон медиҳад, ки нерӯи барқи як кишвар аз тариқи кишварҳои узви ин иттиҳод ба кишвари дигар бидуни мушкилот интиқол ёбад.

Ба таъкиди ин манбаъ агар системи барқ дар як кишвар хароб гардад, маҳз бо кумаки кишвари дигари ин иттиҳод он аз вартаи бебарқӣ наҷот меёбад.
XS
SM
MD
LG