Пайвандҳои дастрасӣ

"Ал-Қоида бепул ва бенуфуз" мешавад


Як мақоми баландпояи вазорати молияи Амрико гуфт, ки Толибон дар Афғонистон назар ба Ал-Қоида вазъи беҳтари молӣ доранд. Дейвид Коҳен, ёвари вазорат дар масоили маблағгузории терроризм гуфт, ки гурӯҳи тундрав ҳоло маблағҳои кишоварзону қочоқбарони маводи мухаддирро дар Афғонистон бо зӯр мегирад. Вай гуфт, ки Толибон ҳам аз соҳибкорони қонунии Афғонистон барои амнияти кору зиндагиашон пул талаб мекунанд. Коҳен мегӯяд, ки Ал-Қоида як созмони бепул аст, ки нуфузи худро аз даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG