Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон бо русҳо Эронро баррасӣ кард


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқот бо мақомоти Русия имрӯз аз Маскав тақозо кард, ки барои фишороварӣ болои Эрон дар масъалаи барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш кӯмак кунад. Клинтон, ки шоми дирӯз вориди Маскав шуд, аллакай бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ва имрӯз бо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дидору мулоқоте анҷом дод. Пеш аз мулоқотҳо мақомоти Амрико гуфтанд, ки Клинтон русҳоро фишор оварданист, ки “бо шаклҳои махсуси фишороварӣ” ба Эрон таъсир гузорад, то ки Ҷумҳурии Исломӣ сулҳомез будани барномаи ҳастаиашро собит кунад. Рӯзи якшанбе Клинтон Эронро ҳушдор дод, ки ҷаҳон то замони номуайян интизор шуданӣ нест, ки бубинад оё Эрон дар паи тавлиди силоҳи атомӣ ҳаст ё на.
Дар музокираҳои Маскав мавзӯъҳои Афғонистон, барномаи дифои мушакӣ ва Кореяи Шимолӣ низ мадди назар гирифта шудааст. Дар пешорӯи музокираҳо бо Клинтон Лавров гуфт, ки мехоҳад бо ҳамтои амрикоиаш барномаи нави зиддимушакии Вашингтонро, ки бо амри раиси ҷумҳурӣ Барак Обама тағйир хӯрдааст, баррасӣ кунад. Дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Русия Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин ба шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG