Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав Тифлисро дар кӯмаки Ал-Қоида муттаҳам кард


Раиси хадамоти федеролии амнияти Русия имрӯз Гурҷистонро дар тамрин ва фароҳам овардани роҳҳои убури боамни ҷосусони Ал-Қоида ба минтақаи Қафқози Шимолии Русия, ки дар фикри амалҳои террористӣ мебошанд, муттаҳам кард. Александр Бортников гуфт, ки иддаоҳои вай бо наворҳои аудиоии аз дасти шӯришиён мусодирашуда тақвият ёфтааст. Бортников гуфт:

“Гузоришҳои аудиоие, ки дар дасти ҷангиён ошкор шудааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо фиристодаҳои Ал-Қоида бо намояндаҳои хадамоти махсуси Гурҷистон иртибот барқарор карда баъдан бо ширкати онҳо тарбияву интиқоли террористонро ба қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон ба роҳ мондаанд”.

Вай инчунин Гурҷистонро дар мусаллаҳсозиву маблағгузории амалҳои террористӣ дар ҷумҳурии ҳамсояи Доғистон муттаҳам кард. Баъди ҷанги кӯтоҳмуддати моҳи августи порсол дар хоки Осетияи Ҷанубӣ таниш дар равобити миёни Русияву Гурҷистон дар дараҷаи баланд боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG