Пайвандҳои дастрасӣ

Корҳои дарав дар шолизорҳои вилояти Суғд умдатан бо меҳнати сангини кӯдакону ҷавонон ба иҷро мерасад.

Маҳз ҳамон зироате, ки аз он оши палави болаззати рӯйи дастурхони мардуми Тоҷикистон таҳия мешавад. Аммо то ин ки шолӣ ба бозорҳои мо биринҷ гашта ворид шавад, меҳнати сангину зиёд барои он харҷ мешавад. Шолӣ зироатест, ки бояд аз кишт то дарав дар дохили об гузарад ва шоликор низ барои ба даст овардани ҳосили хуб дар пой мӯзаи резинӣ бояд аз ҳосили бадастовардааш нигоҳубин кунад.

Расули 21-сола, ҷавонтарин узви яке аз хоҷагиҳои шоликори ноҳияи Б. Ғафуров, мегӯяд, кору заҳмати пайвастаи шолидаравӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки тудаи хомӯшакҳо заминҳоро пур карда, дар баробари обу ҳосил ба ҷамъоварандаи он таъсир мегузорад.

Расул меафзояд, “чанд сол аст, ки майдонҳои пӯсидаи қамишзорҳоро кирм зер кардааст, дар мавсими тозакунии ин майдонҳои шолӣ аз растаниҳои бегона ноилоҷ бо пойҳои луч ба он медароем, кирм пойҳоро газида зарари худро мерасонанд”.

Ба гуфтаи Расул, аз як сӯ набуди техникаи муосир ва аз ҷониби дигар камбуди маводи кимиёӣ алайҳи ҳашароту хомӯшакҳо, яъне як манбаи паҳншавии маризиҳои сироятӣ, монеаи аслии шолипарварон дар ҷараёни кор маҳсуб мешавад.

«Ҷаббор Расулов» - яке аз хоҷагиҳои шоликор дар ноҳияи Б.Ғафуров аз 140 ҳектор замини қамишзор иборат аст. Мавсими дарав дар ин хоҷагии шоликор худуди 150 нафар кӯдакону ҷавононро ба кор ҷалб кардааст. Ин ҷавонон аз субҳи содиқ то шомгоҳ дар заминҳои пур аз оби шолӣ кори даравгариро ба иҷро мерасонанд.

Назрулло, як ҷавон аз ноҳияи Ғончӣ, панҷ сол боз дар мавсими шолидаравй ба ҳайси коргари кироя барои кӯмак ба хонаводааш дар заминҳои шолӣ ба кор мебарояд.

Назрулло мегӯяд, ҳақмузди онҳо аз масоҳати замини даравшуда вобаста буда, ҳама чиз шартнома шудааст ва ӯву дигар коргагон бар ивази дарави як сотиқи замини шолӣ 2 то 3 кило биринҷ ба даст меоранд. Нарзулло меафзояд, дар мавсими имсолаи шолӣ тасмим гирифтаанд, ки майдони 18 ҳекторро дарав кунанд.

МУШКИЛИ АСЛИИ ШОЛИПАРВАРОН

Кори даравгар дар шолизорҳо ба фарқ аз дигар намуди ғалладона заҳмати бештарро металабад. Мавсими кишту ҷамъоварии ҳосил аз миёнаҳои фасли баҳор то охирин рӯзҳои тирамоҳ тӯл мекашад. Мусоҳибони шолипарвари мо мегӯянд, ки сахтар аз ин ҳама масъалаи қатъи нерӯи барқ аст. Онҳо меафзоянд, қатъ шудани нерӯи барқ кори муҳаррикҳои обкашро заъиф гардонида, сабаби хушку беоб мондани заминҳои шолӣ дар канори рӯди Сир шудааст.

Аммо бо ин ҳама Расул, аз ҳамсӯҳбатони аввалаи шоликори мо, ки мегӯяд, соли гузашта ӯву шариконаш аз замини чор ҳектор панҷ тонна ҳосили соф ба даст овардаанд, соли ҷорӣ низ умед дорад аз ҳафт ҳектор қамишзор шолии хуб ба даст орад. Расул бо ёдоварӣ аз як вижагии кори шолипарварон ва тарзи ба даст овардани биринҷи хушсифати ошӣ, ба Ояндасоз чунин нақл кард:

“Заминро дар фасли сармо шудгор карда, баъдан онро барои кишти баҳорӣ омода намудан лозим мешавад. Тухмии хубро кишта, онро то мавсими дарав аз растаниҳои бегона тоза ва барои хуб панҷакашии он аз нуриҳои азотӣ истифода кардан бамаврид аст”.

ЗАНҲОИ ШОЛИКОР – ТАМОЮЛИ НАВИ СОЛҲОИ ОХИР

Як вижагии шоликорӣ дар Суғд дар солҳои охир ин аст, ки ҳамакнун бо сабабҳои иқтисодӣ занҳои зиёд низ ба ин кори пурмушкилу барои сиҳатӣ зараровар ҷалб мешаванд.

Хонум Рафоат як сокини 35-солаи ноҳияи Ҷ. Расулов аст. Ӯ мегӯяд, ки даҳ соли охир муттасил дар бо парвариши шолӣ машғул аст. Вай мегӯяд, маъмулан дар мавсими шоликорӣ, ки ба мавсими тобистону тирамоҳ рост меояд, саргарми кор мешавад. Хонум Рафоат афзуд, ки ба далели муҳоҷирати кории мардон, ҳоло бештар занон дар ин майдонҳо кор мекунанд.

Бештар вақт дар даруни об мегардем. Мо занон ба ғайр аз як соати нисфирӯзӣ рӯзҳои дароз то бегоҳ дар даруни об ҳастем. Аз ин рӯ сармохӯрии узвҳои баданамон бисёр шудааст ...
Вай гуфт, «бештар вақт дар даруни об мегардем. Об ба саломатии пойҳои мо таъсири манфии худро мегузорад. Мо занон ба ғайр аз як соати нисфирӯзӣ рӯзҳои дароз то бегоҳ дар даруни об ҳастем. Аз ин рӯ сармохӯрии узвҳои баданамон бисёр шудааст».

Зимнан Мубашшира Аҳмадбекова, муовини сардухтури бемористони марказии Суғд, мегӯяд, дар нӯҳ моҳи соли гузашта ҳудуди 1300 зан ба шӯъбаи амрози занона аз вазъи саломатии худ шикоят карда буданд. Вале имсол танҳо дар муддати нӯҳ моҳ шумори занҳои гирифтори ин ё он маризӣ ба 1500 нафар расидааст.

Хонум Аҳмадбекова мегӯяд, паст будани вазъи иқтисодии хонаводаҳо боиси он шудааст, ки занҳо дар қатори мардҳо ба кори саҳро баромадаанд ва аз ин хотир, гирифтории онҳо ба маризиҳои хатарноки занона ҳам афзоиш меёбад.

Вай афзуд, «шоликорӣ бо об вобаста аст. Дасту пойҳои ин занхо аз шаш то 12 соат дар даруни об аст. Албатта гирифторӣ ба касалиҳои илтиҳоби шадиди занона ва банду буғумҳо хеле зиёд аст”. Вай гуфт, ки нигаронии аслӣ дар ин замина аз он ҷиҳат аст, ки сармохӯрдагии занон баъдан ба таваллуди фарзанд, тарбияву нигоҳубини фарзандон таъсиргузор мешавад.

АФЗОИШИ ШОЛИКОРӢ ДАР СОЛИ ҶОРӢ

Соли ҷорӣ сафи шоликорони вилояти Суғд назар ба солҳои каблӣ даҳ дарсад зиёд шуда, имсол онҳо дар майдони 6 ҳазор ҳектор замин шолӣ кишт кардаанд. Дар навоҳии шоликори Суғд маъмулан навъҳои шолии “чиллагӣ”, “миёнсолӣ” ва “кенҷагӣ” бештар маъруф аст.


Ба гуфти мутахассисон, мавсими парвариши ҳар як аз ин навъҳо аз 90 то 180 рӯз тӯл мекашидааст. Масалан, мегӯянд шоликорон, навъи «чиллагӣ» дар миёни 90 рӯзи кишт расида, вале он кору заҳмат ва хароҷоти нисбатан бештарро тақозо мекунад. Ин навъе мебошад, ки вобаста ба иқтидори иқтисодии хоҷагӣ рӯзҳои бештари кору меҳнати барзиёдро талаб мекунад ва аз ҳамин сабаб аксари хоҷагиҳо бештар навъи «миёнсолӣ»-и шолиро кишт мекардаанд.

Ҳоло арзиши як кило биринҷ дар бозорҳо аз 4 то 6 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамсӯҳбатони шоликори мо мегӯянд, бо вуҷуди мураккабиҳои кору мушкилоте, ки дар рӯбарӯи онҳо қарор дорад, онҳо аз ин як кори даромадноку суннатӣ даст нахоҳанд кашид.

Аввал ин ки барои бисёри онҳо интихоби дигаре ба ҷуз шолипарварӣ вуҷуд надорад, дигар ин ки бо назардошти ғизои мардум ва мақоми авлавиятнок доштани оши палав дар фарҳанги миллӣ маҳсули дасти онҳо ҳамеша серхарид хоҳад буд.

Баъзеи онҳо шӯхиомез мегӯянд, ки ҳеҷ як навъи арзони биринҷи чиноӣ, ки ҳоло бозорҳоро пур кардааст, ҷои моли худиро намегирад, чунки мардуми тоҷик ба ҳеҷ сурат аз тӯю суру маъракаву меҳмондорӣ намемонанд ва дар ин гуна маросим танҳо аз биринҷҳои олисифати тоҷикӣ ошҳои палави болаззат таҳия мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG