Пайвандҳои дастрасӣ

TALCO сарпарасти Кумитаи олимпӣ шуд


Ширкати алюминии Тоҷикистон TALCO сарпарасти аслии Кумитати милии олимпии Тоҷикистон шуд. Маликшоҳ Неъматов, муовини президенти ин кумита дар сӯҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ гуфт, ки бар тибқи созишномаи имзошуда дар муддати чаҳор соли оянда TALCO ҳама хароҷоти марбут ба машқу тарбия, муҷаҳҳазгардонӣ ва омодасозии варзишгарони тоҷикро барои ширкат дар бозиҳои олимпиву мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дӯши худ мегирад. Оқои Неъматов дирӯз дар Душанбе гуфт, ки TALCO ният дорад соле барои ин барнома 500 ҳазор доллар маблағ ҷудо кунад. То ин муддат ба омодасозии варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалии бонуфуз дар марҳилаи 6-8 моҳ созишномаҳое бо ширкату созмонҳои мухталиф баста мешуд, ки хусусияти доимиву собит надоштааст.
XS
SM
MD
LG