Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё шумо боре тавассути мобил паёми худро ба дӯстатон бо шеър баён доштаед?

Акнун имкон фароҳам омад, ки дар озмуни ғайриоддии шеъри беҳтарин тавассути мобил ширкат варзед.

Шарти ин озмун сода аст, барои ин шумо бояд рақами 98 537 89 54–ро чида, дар тӯли 10 сония бояд як байт, танҳо як байт шеъри худро ба забони тоҷикӣ ё русӣ бихонед.

Барои тоҷикзабонҳои берун аз Тоҷикистон рақами тамос + 992 98 537 89 54 аст. Зимнан ин озмун баъд аз нимрӯзи рӯзи 12–уми октябр оғоз ёфт ва дар соати 14–и рӯзи 14–уми октябр поён меёбад.

Баргузоркунандаҳои ин озмуни ғайриоддии шеър созмонҳои «АРТ Линкс», барномаи табодули фарҳангии миёни ИМА (мақарраш дар Ню Йорк) ва давлатҳои пасошӯравӣ ва маркази фарҳангию маърифатии «Суғд» (Хуҷанд) аст.

Мариса Ҷан, адиб ва рассом ва аз ташаббускорони баргузории ин озмун, мегӯяд, иншои нома ба шакли шеър дар замони илму фанновариҳои муосир, ки номанависӣ ба фаромӯшхонаи таърих меравад, ба навъе ворид шудан ба олами зебоиву ҳунар ва таърихнигории нав дар асри 21 аст.

Мирзомубин Ҳакимов, узви маркази фарҳангию маърифатии «Суғд» гуфт, ғолиби озмуни байти беҳтаринро гурӯҳи доварон аз шоирони тоҷик аз рӯи рақами телефони ширкатгари озмун муайян мекунанд ва дар ин бора ба ӯ дар рӯзи 31 октябр паём расонида мешавад .

Ба гуфтаи баргузоркунандаҳои озмун, даври дуюми ин озмуни ғайриооддӣ ба наздикӣ дар ИМА барои 1 байти англисӣ доир хоҳад гашт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG