Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи "оташбозиҳои" Куриёи Шимолӣ


Як рӯз баъд аз партоби чанд мушаки кӯтоҳпарвоз, Куриёи Шимолӣ эҳтимолан барои партоби аз ҳамин навъ мушакҳои дигар омодагӣ мегирад. Хабаргузории Ёҳнапи Куриёи Ҷанубӣ бо такя ба иттилоъи манобеъи ҳукуматӣ навиштааст, ки ҳаракату аломатҳо дар Куриёи Шимолӣ баёнгари омодагии он ба партоби мушакҳои нав аз ғарби нимҷазираи Куриёст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, Куриёи Шимолӣ ба киштиҳо ҳушдор додааст, ки дар наздик ба соҳилҳои ин кишвар шино накунанд.
XS
SM
MD
LG