Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Владимир Путин аз Чин


Владимир Путин – нахуствазири Русия, имрӯз боздидаш аз Чинро бо дидор бо Вен Ҷибао ҳамтои чинии худ идома медиҳад. Интизор меравад, Владимир Путин қарордодҳо бо арзиши 5 миллиард доллар дар арсаҳои энержӣ, зербунёдҳо ва мухобиротро бо мақомоти Чин имзо кунад. Ҳудуди сад тоҷирони сарватманди Русия Владимир Путинро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд. Мубодилоти мол миёни ду кишвар соли гузашта 38, 6 дар сад афзоиш ёфта ва ба тақрибан 60 миллиард доллар расид. Баъд аз Иттиҳодияи Аврупо, Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Русия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG