Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев бо Клинтон мулоқот мекунад


Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия имрӯз бо Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико дидору гуфтӯгу мекунанд, ки бо як сафари дурӯза вориди шаҳри Маскав шуд. Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, Ҳилларӣ Клинтон қасд дорад, то аз раҳбарони Русия бихоҳад, ки дар сурати сарпечии Эрон аз иҷрои талабҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомиаш ба зидди ин кишвар “аз навъҳои мушаххаси фишор” кор бигирад. Ҷомеи ҷаҳонӣ аз Эрон мехоҳад, то сулҳомез будани барномаҳои атомиашро собит кунад. Сарнавишти Афғонистон, сипари дифоъи мушакӣ, ва Куриёи Шимолӣ низ дар мулоқотҳои Ҳилларӣ Клинтон бо раҳбарони Русия баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG