Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар СММ


Муовини нахуствазири Тоҷикистон эътироф кардааст, ки маргу мири модару кӯдак як мушкили умда дар ин кишвар боқӣ мемонад. Руқия Қурбонова дар як ҳамоиши Маҷмаъи Умумии Созмони Милал гуфтааст, соли 2008 дар ҳар 100 ҳазор мавриди таваллуд 48 зан фавтидааст. Ба гуфтаи ӯ иллатҳои маргу мири атфоли хурдсолу навзодон дар соли гузашта умдатан бемориҳои сироятӣ ва вогир, бемориҳои аъзои танаффус ва беэътиноии занон ба замони обистанӣ будааст. Руқия Қурбонова – муовини нахуствазир гуфтааст, дар Тоҷикистон тамоюли коҳиши таввалуд ба назар мерасад ва солона дар кишвар аз 190 ҳазор то 200 ҳазор нафар таввалуд мешавад. Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи Тоҷикистон таввалуди зиёд сабаби камбизоат мондани хонаводаҳои серфарзанд шудааст.
XS
SM
MD
LG