Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикоят аз "мудохилаи хориҷӣ"


Яке аз ду афғоне, ки ба комиссиюни таҳқиқи шикоятҳои тақаллуби интихоботии бо пуштибонии СММ таъсисшуда шомил буданд, аз вазифа истеъфо дода гуфт, ки сабаби ин амал дар мудохилаи хориҷиҳо будааст. Мавлавӣ Мустафо Борикзай изҳор кард, ки се хориҷии корманди ин комиссиюн – як амрикоӣ, як канадаӣ ва як ҳолландӣ - бидуни машварат аз рӯи хости худ тасмим мегиранд. Комиссиюни шикоятҳо чунин иттиҳомро рад карда гуфт, ки канорравии Борикзай корҳои таҳқиқотии онҳоро ба ҳам нахоҳад зад. Олим Сиддиқӣ, сухангӯи СММ гуфт, ки ин ниҳод эътимоди худро аз ин комиссиюн аз даст надодааст, ки ба бовари онҳо натиҷаҳои одилонаро ба бор хоҳад овард. Дар ҳамин ҳол, раиси комиссиюн Грант Киппен имрӯз гуфт, ки суръати таҳқиқу тафтишро роҳёбии иштибоҳҳову тавзеҳоти мухталиф заъиф кардааст. Вай аз ҷумла вуҷуди хатоҳоро дар методикаи ҳисобу китоб эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG