Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомоту сарбозон ба додгоҳ кашонда намешаванд"


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки вай ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки кадоме аз раҳбарон ва ё сарбозони ватанаш барои ҷиноёти ҷангӣ дар додгоҳ ҳозир шаванд. Изҳороти Нетаняҳу дар ҷараёни кушоиши мавсими зимистонаи кори парлумони кишвараш садо дод. Вай суханронии худро бо изҳороти шадидлаҳне дар нисбати гузориши ахиран нашршудаи СММ оғоз кард, ки Исроилро барои роҳ додан ба ҷиноёти ҷангӣ алайҳи ҷангиён дар Навори Ғазза дар ҷанге, ки оғози соли ҷорӣ гузашт, муттаҳам кардааст. Вай гуфт, ки Исроил ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад ва ҳолатеро қабул нахоҳад кард, ки раҳбарони замони ҷанг ва ё артиш, ки дар он амалиёт ширкат карданд, ба додгоҳ кашонда шаванд.
XS
SM
MD
LG