Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти барқӣ дар Рашт шурӯъ шудааст


Бар тибқи иттилои хабарнигори Озодӣ дар водии Рашт дар ин минтақа шабона маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст. Дар сӯҳбат бо Маҳмуди Шодӣ корманди шабакаи таъмини барқи водии Рашт Муллоҷон Касиров гуфт, ки агар аҳолӣ ба чароғҳои каммасраф ва сарфаи нирӯ таваҷҷӯҳ кунанд, эҳтимол маҳдудият ҳам дар мавсими зимистон аз байн бурда шавад.
Ин дар ҳолест, ки дар сӯҳбат бо Итар-Тасс раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” Санъат Раҳимов рӯзи душанбе гуфт, ки “мақомоти Тоҷикистон феълан дар назар надоранд, ки барои ҳама навъи масрафкунандаҳо маҳдудияти истифодаи барқро ҷорӣ кунанд”. Вай гуфт, мақомот умедворанд, ки зимистони ҷориро мешавад бидуни ҷорикунии маҳдудият аз ҳисоби афзоиши тавлидоти дохилии нирӯи барқ ва транзити нирӯи энержӣ аз Туркманистон сипарӣ кард. Вай гуфтааст, ки имсол ҳамаи чаҳор агрегати нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 бо қудрати 670 мегават-соат ба кор даромадааст. Вай гуфт, дар ҷараёни сафари ахири президенти Тоҷикистон ба Туркманистон Ашқобод розӣ шудааст, ки дар марҳилаи байни охири моҳи октябр то марти соли оянда ба Тоҷикистон 1,2 миллиард киловатт соат барқ интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG