Пайвандҳои дастрасӣ

Бо пешниҳоди СММ ва Иттиҳоди ҷаҳонии мунаҷҷимон ба Тоҷикистон 400 телескоп ва ё дурбинҳои хурди таълимй тақдим мешавад.

Ин дастгоҳҳои гаронбаҳо ба мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои кишвар тақсим карда хоҳад шуд. Кор бо ин таҷҳизотро барои омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён олимони физика ва мунаҷҷимони Фарҳангистони улуми кишвар меомӯзонанд.

Хурсанд Ибодинов, раҳбари пажӯҳишгоҳи атрофизикаи Фарҳангистони улуми кишвар , мегӯяд, телескоп ё дурбин барои таълими илми нуҷум ва огоҳ шудан аз кайҳон ва саёраву ситораҳо ниҳоят муҳим аст.

Оқои Ибодинов мегӯяд, замони Шӯравӣ астрономия ё илми нуҷум дар мактабҳо ба ҳайси як фанни алоҳида таълим дода мешуд. Аммо феълан он дар барномаи таълимй ба фанни физика ворид шудааст, ки ба рушди ин илмҳо монеа шудааст.

Хурсанд Ибодинов меафзояд, ҳамчунин набуди мутахассисони илми нуҷумшуниосй дар мактабҳо ва бидуни намоишу таҷриба гузаронидани дарсҳо боиси хуб аз худ накардани ин илм дар миёни хонандагон гаштааст.

Ба қавли ӯ, имрӯз аксар хатмкунандагони мактабҳои миёна аз оддитарин ҳодисаҳои табиӣ огоҳ нестанд ва ҳатто аксар донишҷӯён ситораро аз саёра фарқ намекунанд.
XS
SM
MD
LG