Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин албоми таронаҳои «шоҳи мусиқии поп»


Шабакаи ҷаҳонии интернет аз нашри як тарона ва албоми ҷадиди «шоҳи мусиқии поп» Майкл Ҷексон хабар медиҳад.

«This is it» ё «Бо ин тамом» аз таронаҳои ахири Майкл Ҷексон аст, ки тариқи радиоҳои Бритониёй, аз ҷумла тавассути бахши мусиқии радиои Би-Би-Си ба мухлисони сершумори ӯ шунавонида мешавад.

Ҳаққи муаллифии ин сабт ба ширкати «Сонӣ» таалуқ дорад, ки эълон кардааст, оҳанги марҳум шоҳи мусиқии поп дар сомонаи ӯ низ ҷой дода хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки ширкати мазкур ҳамчунин албоми нави овозхон Майкл Ҷексонро пешниҳод мекунад. Гуфта мешавад, албоми пеш аз марги Майкл Ҷексон, 26 октябр ба фурӯш бароварда мешавад ва аз ду диск иборат аст.

Дар диски нахустин тамоми таронаҳои беҳтарини овозхон гирд оварда шудааст ва диски дуввум аз таронаҳои то ҳол садо надодаи овозхон иборат аст. Дар баробари ин албом таваҷҷӯҳро бештар китоби иборат аз 36-варақии хотиравие ҷалб хоҳад кард, ки аксҳои хоси Майкл Ҷексон ҳангоми охирин тамринаш ба консерти ӯ дар Лондон, чанд рӯз қабл аз маргаш оварда шудаанд.

Ҳамчунин баъд аз чанд рӯз дар шабакаҳои ҷаҳонӣ филми ҳуҷҷатие ба номи «Майкл Ҷексон – Бо ин тамом» намоиш дода мешавад. Филми мазкур, ки аз наворҳои консертӣ ва тамринҳои овозхон, хотираҳои дӯстону наздикони ӯ иборат аст, аз пайроҳаи ҳунарии овозхон қисса мекунад. Филми мазкурро ёвари Ҷексон Кеннӣ Ортега таҳия кардааст.

Майкл Ҷексон 25 июл дар беморхонаи Лос-Анҷелес дар синни 51-солагй аз олам даргузашт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG