Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик бар пояи ҳукми додгоҳ Донишгоҳи байнулмилалии иртибот ва фанноварӣ баста хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вазири маориф, «сабаби асосии баста шудани донишгоҳ дар он аст, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест. Вай афзуд, «раҳбарияти донишгоҳ ваъда дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин тавассути маблағгузории молиявии инситутҳои хориҷӣ бинои нав месозем. Мо ваъдаро ба инобат гирифта, иҷоза додем. Аммо то ба ҳанӯз ин ваъдаҳо иҷро нашуданд».

Абдуҷаббор Раҳмонов дар мавриди он, ки баъди баста шудани донишгоҳи мазкур тақдири устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ чӣ мешавад, гуфт, донишҷӯён ва устодон ба муассисаҳои олии дигар интиқол дода мешаванд.

Бояд ин қарорро додгоҳ эълон кунад. Аммо вақте аз тарафи вазири маориф ин хабар садо медиҳад, боз ҳам ҷойи нигаронӣ аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон амри Вазорати маорифро иҷро мекунанд ...
Дар ҳоле ки вазири маориф яке аз сабабҳои баста шудани донишгоҳи мазкурро дар ба талабот ҷавобгӯ набудани вазъи санитарӣ маънидод мекунад, аммо коршиносон мегӯянд, ки чунин вазъият дар донишгоҳҳои давлатӣ ҳам чандон хуб нест.

Таҳлилгар Хилватшоҳи Маҳмуд афзуд, ки набояд ин тасмими Аазорати маориф ҷиддӣ бошад, зеро дар вазъи бӯҳронӣ бекор мондани беш аз 150 устод ва сарсон кардани беш аз 1800 донишҷӯ, ки дар дигар донишҳо тавони пардохти шартномаро надоранд, хуб нест. Ва паҳлӯи дигари ин ҳолат боиси дилсардии он сармоягузорони тоҷике, ки дар хориҷ қарор доранд ва мехоҳанд, ки барои рушди ақлонии миллат ва кишвар муассис саҳм гузоранд, мегардад.

Акрам Саидов, муассис ва ҳамзамон ректори Донишгоҳи байнулмилаии иртибот ва фанноварӣ, дар робита ба ин тасмими пешгирифтаи вазорати маориф гуфт, ки ҳарчанд вазири маориф борҳо дар мавриди баста шудани муассисаи онҳо ҳӯшдор додааст, аммо онҳо боварӣ доранд, ки донишгоҳ баста нахоҳад шуд. Зеро танҳо додгоҳ ҳақ дорад ки чунин тасмим гирад.

Оғои Акрамов гуфт, «бояд ин қарорро додгоҳ таъйид кунад. Аммо вақте аз тарафи вазири маориф ин хабар садо медиҳад, боз ҳам ҷойи нигаронӣ аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон амри Вазорати маорифро иҷро мекунанд».

Роҳбари донишгоҳ меафзояд, ки агарчанде аз тобистони имсол қазияи онҳо бо вазорати маориф шурӯъ шудааст, аммо то кунун муассисаи онҳо фаъолият дорад. Ва дар сурати баста шудани донишгоҳ онҳо аз даъвои худ даст накашида, то ҳадди охирин дар мавқеи худ устувор мемонанд. Вай афзуд, ки феълан 99 дарсади эродҳои вазорат таъйид карда, ҳалли худро ёфтаанд.

Донишгоҳи байналмилалии иноватсионӣ ва коммуникатсия дар қиболи мактабҳои олии Тоҷикистон маблағи шартнома пойинтар аст. Ва маҳз ҳамин омил аксарияти ҷавононро водор кардааст, ки бештар донишҷӯи ин даргоҳ бошанд. Ба гуфти донишҷӯён вазъи таълим ва шароити модии донишгоҳ ҳам хуб будааст.

Нозимҷон Ҳайтов, донишҷӯи ҳамин донишгоҳ, мегӯяд, ки онҳо аз қарори Вазорати маориф огоҳӣ доранд ва намедонанд, ки дар сурати баста шудани донишгоҳ тақдирашон чӣ мешуда бошад. Ҳамсӯҳбатам меафзояд, модоме ки онҳоро ба донишгоҳҳои зертобеии Вазорати маориф интиқол диҳанд. Он маблағи имкони пардохти шартномаеро, ки дар он муассисаҳои олӣ муқаррар шудааст, надоранд.

Донишгоҳи байнулмилалии иртибот ва фанноварии Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун муассисаи хусусӣ таъсис дода шудааст. Дар он то ба имрӯз беш аз 150 устод ва 1800 донишҷӯ ба таълиму тадрис фаро гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон ин аввалин донишгоҳи байнулмилалии хусусӣ нест, ки баста мешавад. Қаблан бо тасмими Вазорати маориф Донишгоҳи озоди байнулмилалӣ баста шуда буд.
XS
SM
MD
LG