Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои ошӯбҳои Чин 6 нафар ба марг маҳкум шуданд


Дар Чин шаш нафар барои ширкат дар ошӯбҳои моҳи июл дар вилояти ғарбии Шинҷон ба марг маҳкум шуданд. Хабаргузории расмии Синҳуа гуфт, ки додгоҳе дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилоят шаш мардро барои куштор ва дигар навъи ҷиноятҳо, аз ҷумла оташзанӣ гунаҳгор донист. Марди ҳафтум ба ҳукми абади зиндон маҳкум шуд. Хабаргузориҳо гуфтанд, ки аз номи маҳкумшудаҳо бармеояд, ки ҳамаи онҳо мусалмонони уйғуртабор мебошанд. Дар паи ошӯбҳои тобистони имсол дар Урумчӣ наздики 200 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин яке аз пурхушунаттарин шӯришҳо дар Чин дар давоми чандин даҳсолаи ахир будааст, ки дар миёни аққалияти уйғурҳову қавми ҳони чиноӣ сар зад.
XS
SM
MD
LG