Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Покистон ба Вашингтон рафт


Вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ имрӯз роҳии ИМА шуд, то ки нигарониҳои Исломободро дар заминаи кӯмакпулиҳои Амрико барои мубориза зидди террор ба мақомоти Вашингтон бирасонад. Моҳи гузашта конгресси Амрико эълон кард, ки мизони кӯмакпулиҳои Покистонро се баробар афзоиш дода дар муддати панҷ соли оянда омода аст ба ин кишвар 1,5 миллиард доллар бидиҳад ва қонуни вижаро дар ин замина ба баррасии президент Барак Обама ирсол кард. Ба хотири коҳиши нигарониҳои амрикоиҳо аз ин ки эҳтимол низомиёни покистонӣ ба гурӯҳҳои ҷангиён кӯмак хоҳанд кард, тарҳи қонун аз Покистон тақозо мекунад, ки ӯҳдадориҳои қавиашро дар заминаи муқобила бо терроризм ба намоиш гузорад. Ин тарҳ ҳамчунин арзёбии муассирияти назорати давлатро аз болои низомиёни Покистон тақозо мекунад. Артиши Покистон ҳафтаи гузашта аз таъсири эҳтимолии ин тарҳи қонун ба амнияти миллӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Чунин як мудохилаи ошкоро бесобиқаи артиш, ки вуҷуди шикоферо дар миёни ҳукумати тарафдори ин тарҳи қонун ва низомиён ба намоиш гузошт.
XS
SM
MD
LG