Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пхенян панҷ мушаки нав партоб кард


Хабаргузории Yonhap-и Кореяи Шимолӣ гузориш дод, ки Пхенян панҷ мушаки кӯтоҳпарвозро аз самти шарқии ҷазираи худ партоб карда дар марҳилаи миёни 10-20 октябр дар ин обҳо шиновариро манъ кардааст. Yonhap ин хабарро дар нақли қавл аз як манбаи расмӣ нашр кардааст. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз ҳозир нашудааст дар заминаи ин хабар тавзеҳе бидиҳанд. Ин нахустин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ дар се моҳи охир ва баъди изҳори омодагии ин кишвар барои азсаргирии музокираҳои ҳастаӣ бо гурӯҳи шашгона мебошад. Пхенян ҳафтаи гузашта гуфт, ки омода аст барои баррасии барномаи ҳастаиаш сари мизи гуфтугӯ нишинад, вале қабл аз он пофишорӣ кард, ки нахуст бо ИМА мехоҳад музокираи як ба як анҷом диҳад. Ҳанӯз табиати ин озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ мушаххас нашудааст, ки оё хусусияти машқҳои оддии низомиро дорад ё на.
XS
SM
MD
LG