Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳзода Оғохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, шоми рӯзи душанбе вориди Бишкек - пойтахти Қирғизистон шуд.

Анна Воробёва, мутахассиси Шабакаи рушди Оғохон, мақараш дар шаҳри Бишкек, ба хабаргузории «Хабар» гуфтааст, ки дар чаҳорчӯби ин сафар Карим Оғохони IV бо президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, нахуствазири ин кишвар Игор Чудинов, вазири хориҷа Қодирбек Сарбаев ва вазири молия Марат Султонов дидору мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи Анна Воробёва, таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди Қирғизистон, таҳкими амнияти минтақавӣ ва кумакҳои молии Бунёди Оғохон дар рушду такомули фарҳанг ва омӯзишу парвариш, ҳамчунин паст бурдани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи ин кишвар аз масъалаҳое маҳсуб мешаванд, ки зимни анҷоми дидору мулоқотҳои Шоҳзода Оғохони IV бо мақомоти Қирғизистон матраҳ хоҳанд шуд.

Мутахассиси шабакаи рушди Оғохон дар Бишкек тазаккур додааст, ки Бунёди Оғохон бо Қирғизистон даҳ сол боз ҳамкорӣ мекунад. Ба шаҳодати Анна Воробёва, тайи ин муддат Бунёди Оғохон барномаҳои зиёдеро дар бахшҳои мухталиф роҳандозӣ намудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, рушди солими кӯдакон ва ба омӯзишу парвариш ҷалб намудани онҳо, хизмати бонкӣ ва ихтисоси қарзҳои дарозмуддат, пуштибонӣ аз ҳунармандон, рушди туризм ва амсоли он аз барномаҳое муаррифӣ мешаванд, ки ин бунёд дар Қирғизистон анҷом додааст. Ба таъкиди Анна Воробёва, маҳз ҳамин ҳамкориҳо эътибори бунёди Оғохонро дар Қирғизистон хеле боло бурдааст.

Дар ҳамин ҳол дар донишгоҳҳои мухталифи Қирғизистон даҳҳо нафар бо кумакҳои молии Бунёди Оғохон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ошиқ Ошиқов, раҳбари созмони ҷамъиятии донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷумла бо кумакҳои молии ин бунёд 50 нафар дар Донишгоҳи славянӣ ва ду нафар дар донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, воқеъ дар шаҳри Бишкек, таҳсил мекунанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, теъдоди ҷавононе, ки бо кумакҳои молии Бунёди Оғохон дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, сол аз сол рӯ ба афзоиш овардааст. Ошиқ Ошиқов гуфт, интизор меравад, ки шумораи ин донишҷӯён соли оянда аз ҳафтод нафар расад.
XS
SM
MD
LG