Пайвандҳои дастрасӣ

Барандаҳои Нобел дар бахши иқтисод


Ҷоизаи Нобел дар риштаи иқтисод дар соли ҷорӣ насиби ду донишманди амрикоӣ хонум Элинор Остром ва Оливер Уилямсон шуд. Кумитаи Нобели Шведсия гуфт, ки ин ду нафар ба хотири таҳлилҳояшон дар мавзӯи мудирияти иқтисодӣ интихоб шудаанд. Кумита мегӯяд, ки таҳқиқоти ин ду донишманд тарзи кори сохторҳои ғайритиҷоратиро рӯшантар инъикос мекунад. Остром аввалин занест, ки барандаи ҷоизаи иқтисодӣ дар 40 соли мавҷудияташ шудааст. Дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорон баъди эълони исмаш хонум Остором гуфт:

“Аввалин вокуниши ман ҳайрати беандоза ва сипоси бепоён буд. Нафарони хеле ва хеле зиёд ҳастанд, ки барои бурдани ҷоиза мубориза бурдаанд. Ин як ифтихори бузург аст, ки ман барандаи ин ҷоиза интихоб шудам, ҳарчанд ҳанӯз ҳам дар як ҳолати шок қарор дорам”.

Аз миёни шаш ҷоизаи Нобел, ки ҳар сол тақдим мешавад, ҷоизаи иқтисодӣ охирин маҳсуб мешавад. Аслан ин мукофот солҳо баъди марги Алфред Нобел бо ташаббуси бонки марказии Шведсия таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG