Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон изҳороти Клинтонро рад кард


Эрон ҳушдори вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтонро оид ба барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ рад кард. Ҳасани Қашқавӣ, сухангӯи вазорати хориҷа имрӯз изҳороти Клинтонро рад кард, ки гуфтааст, ки Эрон қонунҳои байналмилалиро поймол карда ҳама гуна ишораҳои ҷомеаи байналмилалиро оид ба таҳдидҳо, зарбулаҷалҳо ва барномаҳои соати корӣ нодида мегирад. Клинтон рӯзи якшанбе Эронро ҳушдор дод, ки тоқати қудратҳои ҷаҳонӣ тоқ мешавад. Вай гуфт, Теҳрон бояд собит кунад, ки дар паи тавлиди силоҳи ҳастаӣ нест, он таве ки ҷаҳониён гумон доранд.
XS
SM
MD
LG