Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши нақши амрикоиҳо дар Афғонистон


Гузориши тозанашри The New York Times ҳокист, ки мақомоти давлатӣ ва низомии ИМА наметавонанд ба ҳадафҳои президент Барак Обама таъинкарда оид ба бунёди сохторҳои демократӣ дар Афғонистон даст ёбанд. Гузориш ҳокист, ки низоми додгустарии Афғонистон чунон заъиф аст, ки аксар афғонҳо беихтиёр ба низоми додгоҳии соягии Толибон рӯ меоранд. Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки аз назари шумори зиёди афғонҳо низоми адлияи Толибон барояшон як намунаи ҳадди аққали адолати судӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG