Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

40 кушта дар водии Свот


Дар паи таркиши эҳтимолии як маргталаб дар водии хушунатзадаи Своти Покистон дасти кам 40 кас ба ҳалокат расиданд. Дар ин таркиш инчунин даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳадафи ҳамлагар як мошини низомӣ дар вулусволии Шанглаи шимолуғарби ин кишвар будааст, ки тавассути бозори серодаме убур мекард. Вазири иттилоот Миён Ифтихор Ҳусайн гуфт, ки дар ин ҳодиса 45 тани дигар захмӣ гардиданд ва аксари қурбониҳо афроди мулкӣ будаанд. Ин яке аз охирин ҳамлаҳои пурқурбонии шӯришиёну ҷангиёни Ал-Қоида дар Покистон дар рӯзҳои охир будааст.
Дар ҳодисаи ҷудогонае Толибони Покистон имрӯз масъулияти ҳамлаи рӯзҳои истироҳатро болои дафтари аслии артиш ба ӯҳда гирифтанд, ки 19 кушта ба ҷо гузоштааст. Соатҳо баъди хатми муҳосираи Равалпиндӣ низомиёни покистонӣ ҷангиёни Толибонро тавассути ҳамлаҳои ҳавоӣ дубора ба ақибнишинӣ водор карданд.
XS
SM
MD
LG