Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13-уми октябр: Тоҷикистон - Непал


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар даври охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола 13-уми октябр бо тими мизбон - Непал бозӣ хоҳад кард.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор мешавад. Қабл аз он тимҳои Эрон ва Баҳрайн бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.
11-уми октябр дастаи Баҳрайн бар тими Непал бо ҳисоби бузурги 5:0, тими Эрон бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 4:0 ғалаба карданд.

Ҳоло дар гурӯҳи «В» дастаи Эрон бо 7 имтиёз дар ҷои аввал аст. Тоҷикистон низ 7 имтиёз ба даст овардааст, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи Баҳрайн бо 6 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Дастаи Лубнон бо 3 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва тими Непал бидуни имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.

Ду даста – Эрон ва Тоҷикистон – муддаъиёни аслии ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ мебошанд. Дастаи Баҳрайн низ ҳанӯз имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст надодааст.

Дар айни ҳол, Чин ва Тимори Шарқӣ (дастаҳои беҳтарини гурӯҳи «F»), инчунин, Ҷопон ва Индонезия (аз гурӯҳи «Е») ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2010 байни футболбозони то 16-сола роҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG