Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи шодравон Искандари Хатлонӣ


12 октябр, ба зодрӯзи Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори фақиди тоҷик 55 сол пур шуд.

Искандари Хатлонӣ тирамоҳи соли 2000 мелодӣ дур аз ватан дар ғарибӣ ва бо як бераҳмӣ кушта шуд. Ин хабари шум дар канори дӯстону ҳамкорони Искандар, синаи падару модари пирашро шикофт ва он гуна, ки Алишер Иддизода, бародари Искандар мегӯяд, дӯнё дар назари онон торик гашт:

«Доғ, дарду алами фарзанд барои падару модар бисёр гарон аст. Падарам пас аз ҳодисаи марги бародарам ба бемории саратон гирифтор шуд ва як соле пеш ин ҷаҳонро тарк кард. Модарам, ки ин талафот бо як азияти бузург қабул карда буд, мубтало ба бемории рӯҳӣ шуд ва бо он ки аз ин касалӣ наҷот ёфт, аммо ҳамчунон ба ёди фарзанд месӯзад. Зеро Искандар фарзанди нахустинаш буд».

Бо он ки аз ин фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик нӯҳ сол мегузарад, аммо то ҳол қотил ё қотилони Искандари ҷавонмарг ёфт нашудаанд. Танҳо он чи тасаллои модари пираш ва пайвандонаш хоҳад буд, ин аст, ки сари гӯраш ба қабристони зодгоҳаш мераванд ва пас аз дуову ниёиш ба рӯҳӯ равони поки Искандар, дили пур аз ғаму ғуссаро бо ашки шашқатор холӣ намуда ва худро таскин мебахшанд.

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст, ки 12 октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе давом дод. Аммо меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ, ӯро ба Институти адабии ба номи Максим Горкии шаҳри Маскав овард ва ин амр таҳаввулоте дар ҳаёти минбаъдаи ӯ ворид кард. Ҳарчанд ба гуфтаи Алишер Идизода, бародари Искандари Хатлонӣ, нахустин шеърҳои вай ҳанӯз дар айёми мактаби миёна дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст.

ШОИРИ НАВОВАР

Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Искандарро аз беҳтарин шоирони даҳаи 80–и қарни бист бад ин сӯ дар адабиёти форсу тоҷик хонда ва ӯро гӯяндаи шеъри асили сафед дар адабиёти тоҷик талаққӣ карда, гуфт, «Искандар, шоири зиндаёди мо, чӣ афсӯс, ки бармаҳал аз байн рафт, вале аз беҳтарин шоирони навора ва равшанфикр буд. Шеъраш бисёр шеъри равшан аст ва ҳам нафис. Масалан:

Маҳтоб дар лаби бом,
Як коса шири гарм аст.
Овози модари ман,
Чу бӯи шир нарм аст.

Ин мисраъҳо хеле шоирона ва нафис гуфта шудаанд. Аввалин шеъри асили сафедро, ки шеъри озод мегӯянд, Искандар гуфт. Шоири навпардоз, навгиро буд. Албатта ғазал ва дигар абёти шеърӣ дорад, аммо талош мекард, то шеъри сафед гӯяд. Дар такя ба шеъри Нимоӣ ё шеъре, ки Сӯҳроби Сипеҳрӣ гуфтааст, эҷод кардааст ва он замоне, ки Искандар чунин шеърҳо мегуфт, мардум дар Тоҷикистон, дар назар дорам муҳити адабиро, ба пазируфтани ин навъи шеърӣ омода набуданд».


Пас аз панҷ соли таҳсил дар Институти адабии Максим Горкии Маскав Искандар муддате дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» фаъолият кард. Аммо идомаи ҷанг дар Афғонистон ӯро ба ҳайси тарҷумон ба ин кишвар бурд. Зеро ба гуфтаи дӯстонаш, Искандар на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки муваффақтарин тарҷумони забони русӣ ба дарӣ буд. Дар он замони мудҳиштарин барои мардуми Афғонистон Искандар тавонист шеър бигӯяд ва маҷмуаи «Садои пои вожаҳо»-яш, ки саввумин маҷмуаи шеърии ӯст, дар Кобул дар соли 1988 ба табъ расид.

ХАБАРНИГОРИ САТҲИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ

Бозгашти Искандар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба даврони горбачёвӣ ва инқилобҳои озодихоҳӣ дар бештари ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рост омад. Искандар ба назди оилааш ба Маскав баргашт ва ба фаъолияти хабарнигории байнулмиллалӣ пардохт. Вай ки дар даврони таҳсил дар Донишгоҳи адабии ба номи Горкий, ба унвони хабарнигори бахши бурунмарзии радиои СССР мавсум ба «Ин ҷо Маскав» кор карда буд, дар оғози даҳаи 1990 мелодӣ ба унвони хабарнигори бахши форси радиои Би–Би-Си фаъолият кард ва аз соли 1995 то лаҳзаи марг хабарнигори муваффақи радиои Озодӣ буд.

Мардони Муҳаммад, хабарнигори бахши форсии радиои Би-Би-Си, Искандари Хатлониро аз нахустин хабарнигорони сатҳи байнулмилалӣ медонад ва мегӯяд, «дар даврони Шӯравӣ теъдоди хабарнигорони тоҷики сатҳи байнулмиллалӣ андак буд, ки дар раъси он Отахон Латифӣ қарор дошт. Аммо пас аз фурӯпошии Шӯравӣ Искандари Хатлонӣ аз нахустин афроде буд, ки дар ин сатҳ гом бардошт ва ба унвони хабарнигор дар радиои Би-Би-Си ва баъдан радиои Озодӣ дар Маскав фаъолият кард. Аз забони фасеҳ ва аз садои хуши Искандар ҳангоми ироаи гузоришҳо ва сӯҳбатҳо гӯши шунаванда лаззат мебурд. Хабарнигори ҳирфаӣ буд. Зеро кӯшиш мекард, то барои шунаванда хабарҳои муҳимро бирасонад. Ҳамчун дӯст шахси беҳамто буд. Ҳам дар Би-Би-Си ва ҳам дар Озодӣ барои шунавандаи тоҷик хидмат кард».

Абуғаффори Камол, як тан аз хабарнигорони тоҷик, Искандари Хатлониро мояи ибрат ва намуна барои фаъолияти хабарнигории сатҳи байнулмилалӣ медонад. Вай мегӯяд, «Искандари Хатлонӣ бо ҳамон садои бисёр шево ва ҷаззобаш, ҷумлаҳои бисёр фасеҳ ва рехтааш ва бо он баёни дилнишин ва рехтааш, ҳамеша саъй мекард, зимни ин ки хабару рӯйдодҳои Тоҷикистон ё вобаста ба ин кишварро мунъакис кунад, ҳамчунин ман метавонам бигӯям, ҳамеша аз як таассуби ҷиддӣ, ба маънии мусбаташ, барои миллату мардуми тоҷик бархӯрдор буд. Ба хусус гузоришу таҳлилҳояш дар бораи музокироти сулҳи миёни тоҷикон ба шунаванда умедворӣ ба сулҳро медод».

ШАХСИ ПУРКОР

Бештари касоне, ки Искандари Хатлониро медонанд, мегӯянд, вай шахси пуркоре будааст. Зеро ба гуфтаи ин ашхос, Хатлонӣ аз нахустин тоҷике дар Маскав будааст, ки сайти хусусии хешро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет боз кард. Ҳамчунин ба ибтикори шахсии Искандари Хатлонӣ маҷаллаи тоҷикӣ-форсии «Мужда» дар Русия интишор гардид, ки нахустин расона бо ҳуруфӣ арабиасос буд. Аз сӯи дигар бо он, ки саҳми Искандар дар таҳия ва тарҷумаи осори шоирону нависандагони тоҷик дар Маскав муҳим дониста мешавад, ҳамзамон баргузории маҳфилҳо ва шабнишиниҳои адибони тоҷик бо ташаббусси вай сурат гирифтааст.

Бурӣ Карим, олим, шоир ва сиёсатмадори тоҷик, аз маҳфили ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ - шоири саршиноси тоҷик дар Маскав дар 11 августи соли 2000 ёд кард, ки охирин иқдоми Искандари Хатлонӣ қабл аз маргаш буд. Ба гуфтаи Бурӣ Карим, Искандар дар ин маҳфил бо як муҳаббат ва самимият нисбат ба устодаш Лоиқ суханронӣ кард ва таронаи марди ғарибро қироат намуд, ки бо гузаште дарк намудем, ки вай пешомади марги бемаҳали худро пайхаст карда буд.

МЕРОСИ АДАБӢ

Аз Искандари Хатлонӣ, чанд маҷмуаи шеърӣ, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмуа гирдоварӣ нашудаанд. Ба ин далел Алишер Идизода, бародари Искандар, маҷмуаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда ва ҳоло дар навбати чоп дар нашриёти «Адиб» аст.

Вай гуфт, «ба хулосае омадам, то куллия ашъори бародарам Искандарро ҷамъ оварам ва чунин низ кардам. Ин маҷмуаи нав, ки ҳама ашъори ӯро аз овонӣ мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия шуд ва дуо сол боз дар навбати чоп дар нашриёти «Адиб» аст».

Мояи тааҷҷуб низ ин аст, ки Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, ки дар таҳияи ин маҷмуа даст дорад, аммо дар ин муддат барои чопи он талоше накардааст. Ин дар ҳолест, ки ин иттиҳод дар замони зинда будани Искандар тақвимеро бо акси куллия аъзои иттиҳод мунташир карда буд, аммо акси Искандар дар он набуд.

Ҳамакнун бо гузашти нӯҳ сол аз марги фоҷиавии Искандар Иттиҳоди нависандагон маҳфили ёдбудеро барои ин шоири ҷавонмарг нагирифтааст. Ҳарчанд яке аз шеърҳои эъҷодкардааш дар 20 соли пеш дар оҳанги суруди миллӣ ҳар шабе аз тариқи телевизиони Тоҷикистон тавассути ду тан овозхони тоҷик садо медиҳад.
XS
SM
MD
LG