Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои истироҳат – 10-ум ва 11-уми октябр - бозиҳои даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар рақиби аслиаш барои унвони қаҳрамонӣ - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Зокир Бердиқулов дар дақиқаи 22-юм ба самар расонд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Иброҳим Рабимов ду гол (дақиқаҳои 3-юм ва 28-ум), Давронҷон Тухтасунов (56-ум) ва Комил Саидов (21-ум) якголӣ заданд. Як голи мизбононро Музаффар Фузайлов (89-ум) ба ҳадаф расонд.

Бозии «Энергетик»-и Душанбе бо тими меҳмон - «Истиқлол»-и Душанбе – бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ ба дарвозаи «Равшан»-и Кӯлоб се голи беҷавоб зад. Ду голро Шонаим Бобоев (дақиқаҳои 7-ум ва 30-юм) ва як голро Фарҳод Тоҳиров (89-ум) ба самар расонданд.

Инчунин дастаи «Гвардия»-и Душанбе дар ин давр бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 соҳиби се имтиёз шуд. Зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Баъди натиҷагирии даври 15-ум «Хуҷанд» бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад. «Вахш» низ 37 имтиёз дорад. Вале таносӯби тӯбҳои «Хуҷанд» беҳтар аст. Бинобар ин «Вахш» ба зинаи дуввум фуромад. «Регар» ТадАЗ бо 32 имтиёз дар ҷои севум ва «Истиқлол» бо 30 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошанд. Ва аммо «Регар» ТадАЗ як бозӣ камтар анҷом додааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 14-уми октябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

15

12

1

2

32-8

37

2.

«Вахш»

15

12

1

2

36-14

37

3.

«Регар» ТадАЗ

14

10

2

2

30-10

32

4.

«Истиқлол»

15

9

3

3

30-15

30

5.

«Энергетик»

15

7

2

6

34-24

23

6.

«Парвоз»

15

5

4

6

20-21

19

7.

«Равшан»

14

4

2

8

21-27

14

8.

«Гвардия»

15

2

2

11

10-45

8

9.

«Спитамен»

15

1

3

11

9-35

6

10.

CСKA «Помир»

15

1

2

12

12-35

5


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 12 гол, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 9-голӣ.

Рӯзи 14-уми октябр бозии мавқуфмондаи даври 13-ум байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Равшан» баргузор мешавад.

Бозиҳои даври 15-ум: 17-уми октябр – «Парвоз» - ССКА «Помир», «Равшан» - «Вахш», «Истиқлол» - «Хуҷанд», 18-уми октябр – «Спитамен» - «Энергетик», «Регар» ТадАЗ – «Гвардия».

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG