Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии ИМА, гуфт, ҳамлаи ҷангҷӯёни толиб ба қароргоҳи артиши Покистон, баёнгари хатари рӯзафзун барои ин кишвар аст.

Хонум Клинтон вале афзуд, силоҳҳои атомии Покистон эмин ҳастанд.

Клинтон дар чаҳорчуби сафари панҷрӯзааш ба кишварҳои Аврупо ва Русия аз Лондон низ боздид намуд. Вазири корҳои хориҷии Бритониё Дэвид Милибанд низ дар як нишасти муштарак бо хонум Клинтон гуфт, ҳарчанд ҳукумати Покистон бо хатари марговар аз ҷониби ифротгароён рубару шудааст, ягон имкони рабуда шудани силоҳи ҳастаиро намебинад.

Аксари вақти дидори вазирони корҳои хориҷии ИМА ва Бритониё барои баррасии вазъи Афғонистону Покистон сарф шудааст. Аз нигоҳи таҳлилгарон, дар мавриди гомҳои баъдӣ дар Афғонистон миёни ҷонибҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад, ба вижа дар робита ба бархурд бо тақаллубкориҳо дар интихоботи раёсатҷуҳурии Афғонистон.

Аммо дар мавриди барномаи ҳастаи Эрон, Бритониё ва Амрико якдилона қатъиян талаб доранд, ки он кишвар бояд дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор бошад ва ба тамоми суолҳои он посух диҳад. Клинтон гуфт, ҷаҳон то абад мунтазир нахоҳад шуд, ки Теҳрон сулҳомез будани барномаҳои атомиашро собит кунад.
XS
SM
MD
LG