Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Владимир Путин аз Чин


Владимир Путин – нахуствазири Русия имрӯз бо як сафари серӯза вориди Ҷумҳурии Мардумии Чин хоҳад шуд, то бо мақомоти ин кишвар мулоқот ва дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат кунад. Ҳукумати Русия гуфт, дар ҷараёни сафар як силсила қарордодҳо, аз ҷумла дар мавриди бунёди як хати қатори тундрав дар Русия имзо хоҳад шуд. Сафари Владимир Путин ба 60-солагии барқарории равобити дипломатии Русияву Чин ва ҳамчунин нишасти сарони Шӯрои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рост омадааст. Қарор аст, дар ҷаласаи шӯро шеваҳои муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG