Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳо дар вилояти ороми Ироқ


Дар силсилаи бомбгузориҳо дар вилояти Анбори Ироқ рӯзи якшанбе 19 нафар ҳалок шуданд. Вилояти умдатан суннинишини Анбор замоне, аз такягоҳҳои аслии шӯришиёни ироқӣ буд, вале баъдан ба амнияти комиле даст ёфт. Аммо рӯзи якшанбе шаҳри Рамодӣ маркази Анбор шоҳиди се бомбгузорӣ шуд. Як узви шӯрои вилоятии Анбор гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо нишондиҳандаи ба таври чашмгир бад шудани вазъи амниятӣ дар вилоят нест.
XS
SM
MD
LG