Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: "Ҳарфи холии Эрон кофӣ нест"


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Эрон бо ҳарфи холӣ наметавонад, нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барномаҳои баҳсбарангези атомии он кишварро фӯру нишонад. Ҳилларӣ Клинтон дар ин бора дар шаҳри Лондон сухан гуфт ва афзуд, ки Теҳрон бояд собит кунад, зери барномаҳои атомиаш, ки сулҳомез мехонад, барномаҳои махфии сохти силоҳи атомӣ надорад. Дейвид Миллибанд – вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт, ки Эрон ҳеҷ гоҳ фурсати аз ин беҳтар барои оддисозии шароит бо ҷомеи ҷаҳонӣ нахоҳад дошт. Ва Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон дирӯз, мулоқоти рӯзи 19 октябр бо кишварҳои ғарбиро як озмоише барои ҳамкориҳои “пурсамар” бо Ғарб номидааст. Эрон мехоҳад, ураниуми ғанисозишудаи ғализии ками онро кишварҳои дигар ба ҳадди болотаре ғанисозӣ намуда барои аҳдофи сулҳомез ба ин кишвар бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG