Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон:Зарродхонаҳои ҳастаии Покистон амн аст


Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ҳамлаи тундравҳо ба ситоди артиши Покистон хатари "рӯафзун" ба ин кишварро нишон медиҳад. Аз сӯи дигар, хонум Клинтон гуфт, вай мутмаин аст, ки ҳукумати Покистон ва низомиён контрол бар зарродхонаҳои ҳастаиро аз даст намедиҳанд. Вазири умури хориҷаи Амрико дар Лондон ба рӯзноманигорон гуфт, ҳамлаи шӯришиён ба ситоди артиш дар Равалпиндӣ нишондиҳандаи дараҷаи хатари шӯришиён аст. Қаблан сухангӯи артиши Покистон изҳор дошт, ки субҳи рӯзи якшанбе бо боздошти ахирин тундрав муқовемати 22-соатаи гаравгонгирии шӯришиён дар Равалпиндӣ дар наздикии Исломобод ба поён расидааст. Нируҳои вижаи артиши Покистон субҳи рӯзи якшанбе саросари бинои ситодро гаштанд ва 39 нафар гаравгононро раҳо карданд. 3 гаравгон, 4 гаравгонгир ва 2 нафар аз нируҳои наҷот дар ин амалиёт кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG