Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон хуруҷи нируҳои арманиро тақозо кард


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия гуфт, Арманистон бояд нируҳои худро аз қаламрави ишғолии Озарбойҷон, яъне аз Қарбоғи Кӯҳистонӣ фаро хонад, то ки порламони Туркия аҳдномаи барқарории равобити дипломатии миёни Туркияву Арманистонро ба тасвиб расонад:

"Мо мехоҳем мушкили Қарабоғи Кӯҳистонӣ ва қаламрави ишғолӣ ба ҳамин роҳ ҳал шавад. Агар мушкили миёни Озарбойҷону Арманистон ҳал шавад, дар он сурат барои ҷомеъаи Туркия осонтар хоҳад буд, ки оддӣ сохтани муносиботи миёни Туркияву Арманистонро бипазирад. Барои порламони Туркия ҳам осонтар хоҳад буд, ки протоколҳоро ба тасвиб расонад".

Шоми рӯзи шанбе вазирони умури хориҷаи ҳар ду кишвар дар Зурихи Шветсария аҳдномаи барқарории равобити дипломатиро имзо карданд.
XS
SM
MD
LG